Толибон дар Афғонистон дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатто бо ҳамдигар гап заданро ба занону духтарон манъ кардаанд.
Қонуни “Манъи садои зан” аз моҳи августи соли ҷорӣ қабул шуда, занону духтарон ҳуқуқ надоранд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҳамдигар гап зананд ё ба суханони каси дигар гӯш диҳанд.
Ба занону духтарон дар Афғонистон ҳамчунин таҳсил кардан, бе марди маҳрами худ ба сайру саёҳат баромадан, бо варзиш машғул шудан, оббозӣ кардан ва дар боғҳо гаштугузор намуданро Толибон пурра манъ кардаанд.
Дар ин кишвар тамоми кошонаҳои ҳусн баста шуда, қонуни дифоъ аз ҳуқуқи занон бекор карда шудааст.