sebiston july new
Дар ҳавои ғуборолуд чӣ бояд кард?
679

 

Тавре ки иттилоъ дода будем, барои чанд рӯз ҳавои кишвар ғуборолуд боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки чунин боду ҳаво хуруҷи бемориҳои диққи нафас, дилу рагҳо, буғумҳо, бемориҳои алергикиро ба маротиб афзоиш медиҳад, ки бемор аз нафастангӣ, фишорбаландӣ ва сулфаю беҳолатӣ шикоят мекунанд.

Барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолати ногувори беморон Парвина Мухторова, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд тавсияҳоро пешниҳод намуд.

Ӯ гуфт, ки бемориҳои хусусияти мавсимӣ дошта, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ (хунукии умумӣ), полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво эҳтимоли зиёди кардани хуруҷ вуҷуд дошта, сирояти шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби бронхҳо ва шушҳо метавонанд дар чунин ҳавои ғуборолуд ҷараёни бемориро вазнинтар гардонанд. Зеро, дар бадани шахсони гирифтори чунин бемориҳо ҷараёнҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ хуруҷ намуда, медиаторҳои илтиҳоби ва аллергикӣ, ба мисли гистамин, серотонин, брадикинин зиёдтар ҷудо мешаванд ва равиши бемориро вазнинтар мегардонанд.

"Дар ин шабурӯз, ки кишварро ҳавои ғуборолуда фаро гиирфтааст, тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба сайругашт ва сафарҳои дур набароянд ва ё ҳангоми аз хона берун шудан, ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода баранд. Он маводди дорувориеро, ки пайваста истеъмол менамоянд, бо худ дошта бошанд ва сари вақт онҳоро истеъмол намоянд. Дар сурати бад ҳис намудани вазъи саломатияшон, фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш ва ё ба Ёрии таъҷилӣ занг зада, ба хона даъват намоянд".

Дар давоми рӯз якчанд маротиба шустан ва тоза намудани ковокии биннӣ ва гулӯ бо маҳлулҳои соддаи 2% ва оби ҷӯшомадаи ширгарм ва истифодаи нӯшокиҳои гарм тавсия дода мешавад. Шаҳрвандонро низ зарур аст, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ дошта, бо матои намнок мизу курсӣ, дару тиреза, фарш ва ҷевонҳоро давоми рӯз якчанд маротиба аз чанг тоза намоянд, - тавсия дод ин табиб.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД