35 years of independency
Дар чанд минтақаи Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ шудааст
06.10.2026
Oila.tj
96

Дар чанд минтақаи шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ шудааст. Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» имрӯз, 6-уми октябр хабар дод.

Ба иттилои корхона, сабаби қатъ шудани интиқоли об лойолуд шудани дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёди борон мебошад. Қарор бо мақсади таъмини бехатарӣ ва сифати оби ошомиданӣ қабул шудааст.

Интиқоли об то ба эътидол омадани вазъ ва соф шудани оби манбаи обгирӣ идома нахоҳад кард. Соати дақиқи барқарор шудани интиқоли об ҳанӯз эълон нашудааст.

Тибқи иттилои корхона, минтақаҳои зерин имрӯз бе об мемонанд:

Ноҳияи Сино: шаҳракҳои 10-15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101-104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира.

Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24.

Корхона аз сокинон хоҳиш кардааст, ки то беҳтар шудани вазъ аз эҳтиёт кор гирифта, ба маълумоти расмӣ дар бораи барқарор шудани интиқоли об таваҷҷуҳ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД