Gazprom july 2025
Дар Чин аввалин неругоҳи офтобӣ дар ҷаҳон сохта шуд, ки шабона барқ тавлид мекунад
60

Кишвари Чин боз бо як дастоварди дигари аҷибаш тамоми ҷаҳонро дар ҳайрат гузошт. Дар маҳаллаи Гансу аввалин неругоҳи барқии офтобӣ бо ду манора ба кор даромад, ки ҳатто шабона аз офтоб неру гирифта, мардумро бо барқи офтобӣ таъмин менамояд.

Неругоҳи мазкур дар тамоми ҷаҳон назир надошта, ягона стансияи барқии офтобӣ мебошад, ки дар он зиёда аз 30 ҳазор оина насб карда шудааст. Ин оинаҳо нури офтобро ба сӯйи сутунҳои 200-метра, ки дар онҳо маҳлули намак гарм карда мешавад, равона месозанд. Дар натиҷа он ба бӯғ табдил ёфта, трубиниҳаро мечархонад ва неруи барқи офтобӣ ҳосил менамояд.

Ин неругоҳи барқӣ-офтобӣ ҳатто шабона фаъолият намуда, дар як сол то 1,8 млрд кВт барқи офтобӣ тавлид менамояд. Ин миқдор барқ барои тамоми сол бо барқ таъмин намудани 170 000 хона мерасад.

Сирри асосии неругоҳи мазкур дар он аст, ки энергияи аз нурҳои офтоб ҳосилшуда дар дохили сутунҳо ҷамъ шуда, ҳатто шабона бидуни ягон мамоният барқ тавлид менамояд. Бо ҳамин роҳ Чин ба тамоми ҷаҳон нишон дод, ки бидуни сарф кардани ангиштсанг ва нефт низ неруи барқ истеҳсол намудан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД