Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав ташкил карда шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 31-уми июл ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор маълумот дода, гуфт: “Бо мақсади омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯй дар донишгоҳ 15 ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки ихтисосҳои “Зеҳни сунъӣ”, “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ” ва “Хоҷагии коммуналӣ” аз ҳамин ҷумла мебошанд. Ба ҳамаи 15 ихтисоси нав аллакай як гурӯҳӣ донишҷӯён қабул шудаанд”.
Дар идомаи суҳбат Сатторзода зикр намуд, ки тибқи нақша донишгоҳ дар соли хониши 2026-2027 бояд 3600 нафар донишҷӯёнро ба курси якум қабул намояд ва тибқи натиҷаҳои тақсимоти донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, ки Маркази миллии тестӣ эълон намудааст, дар даври аввал 2858 нафар донишҷӯён ба равияҳои гуногуни донишгоҳ қабул шудаанд.
Дар донишгоҳ 140 нафар донишҷӯён аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ таҳсил менамоянд.