Дар ду канори шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, ки яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва макони истироҳату фароғати сокинону сайёҳон маҳсуб меёбад, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо соҳибкорони ошхонаҳои мавсимӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ вохӯрӣ баргузор намудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии партовпартоии худсарона ва ҳифзи табиати гирду атроф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
Таъкид гардидааст, ки нигоҳдории тозагӣ дар чунин мавзеъҳо, ки ҳамарӯза шумораи зиёди истироҳаткунандагон ва сайёҳонро ҷалб мекунанд, масъулияти ҳар як шахс буда, барои ҳифзи табиат ва ободии муҳит аҳамияти калон дорад.