Шаҳри Душанбе бо ташаббуси Федератсияи бокси Тоҷикистон ва дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз мизбони мусобиқаи «Шоми Бокс» мегардад. Ин мусобиқа бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон доир карда мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, шоми 23-юми май барои кулли ҳаводорони варзиш шоми хотирмон хоҳад буд. Дар рақобати асосӣ муборизаи 10-раундӣ миёни барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон, Қаҳрамони Осиё, дорандаи камарбанди IBA.PRO Осиё - Баҳодур Усмонов (9-0, КО 4) аз Тоҷикистон ва Алберт Пагара (35-1, КО 24) аз Филиппин баҳри дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар вазни сабук ба миён меояд.
Ҷоизадори Бозиҳои Олимпии Париж -2024 ва қаҳрамони Бозиҳои Осиё Давлат Болтаев (5-0, 2КО) аз Тоҷикистон бо Мвого Амугу аз рӯи ринг сабқат хоҳад кард.
Қаҳрамони Осиё дар вазни сабук Акмал Убайдов (6-0, 2КО) аз Тоҷикистон бо Ержан Залилов аз Қазоқистон рӯи ринг баҳри ғалаба мубориза хоҳад бурд.
Қаҳрамони ду каратаи Русия, иштирокчии Қаҳрамонии ҷаҳон Евгений Кул дар ринги касбӣ дебют мекунад. Рақиби Евгений дар вазни 67 кг Фариозбек Ҳакимов (3-2, КО 3) аз Ӯзбекистон хоҳад буд.
Вохӯрии ҷавобӣ дар вазни ниммиёна байни Максим Черничук (8-0-1, КО 1) ва Майкл Кинг (6-3-1, КО 4, IBA.PRO 1-0) Люксембург баргузор мешавад. Ин муштзанҳо моҳи феврали соли 2025 вохӯрданд, вақте Черничук бо қарори тақсим пирӯз шуд.
Басир Абакаров (11-0, КО 9) бо Ҳалимҷон Мамасолиев (2-0, КО 2) аз Ӯзбекистон рақобат мекунад.