arzon replenishment
Дар Душанбе 4 хатсайри сайёҳӣ кушода мешавад
1316

Дар шаҳри Душанбе 4 хатсайри сайёҳӣ ба фаъолият оғоз менамоянд. Маросими ифтитоҳи хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ санаи 24-уми май дар «Кохи Наврӯз» баргузор хоҳад гашт.

Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии пойтахт, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву марказҳои савдову хизматрасонӣ, воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Аз ҷониби масъулин доир ба хатсайрҳои нави сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» рӯнамоӣ пешниҳод карда шуда, сафар дар ин 4 хатсайри сайёҳии дохилишаҳрӣ тавассути автобусҳои дуқабата сурат мегирад.

Дар доираи хатсайрҳои нав сайри шомгоҳии Душанбе ташкил карда шуда, сокинону меҳмонон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос мешаванд. Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал медиҳанд.

Фаъолияти мунтазамии хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата аз 25-уми май оғоз ёфта, то моҳи октябри соли 2024 идома хоҳад кард.

Сайри пойтахт дар қадами аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе - Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе амалӣ карда мешавад.

Дар ин бора «Ховар» дар такя ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД