Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол рӯзи 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Алишер Туйчиев, Анваршо Мирзоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муъминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Одил Иргашев ва дигар бозигароне, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомиланд.
Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия ситораҳое ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол ширкат хоҳанд кард.
Вохӯрии ситораҳо ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25-уми май таҷлил мешавад, бахшида шудааст.