goodwell
Дар Душанбе мусобиқаи теннис барои «Ҷоми Президент» оғоз шуд
08.09.2026
Oila.tj
102

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Мусобиқа аз 7 то 12-уми сентябр идома дошта, дар он варзишгарон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Ҳиндустон, Малайзия, Чехия, Беларус, Русия, Чин, ИМА ва Эрон иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиш мебошад.

Теннисбозон барои ба даст овардани унвони ғолиб ва «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақобат мекунанд.

Ба гуфтаи масъулон, баргузории ин мусобиқа ба рушди теннис дар кишвар, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД