Formula 2025 may
Дар Душанбе ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор мегардад
229

Рӯзи 1-уми майи соли 2025 Маркази захиравии муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар назди театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намуда, тамоми корхонаю ширкатҳои ватаниро, ки ниёз ба коргар доранд, ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Тавре Комрон Бобоёров, корманди Маркази захиравии муҳоҷирон зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, “дар замони муосир натанҳо ёфтани ҷойи кори муносиб, балки пайдо кардани коргари хуб ва масъулиятшинос низ чандон осон нест. Аз ҳамин хотир, бо мақсади ҳам ба корҷӯён ва ҳам ба ширкату корхонаҳои ватанӣ дар пайдо намудани ҷойи кор ва кормандони хуб кумаки амалӣ расонидан Маркази байналмилалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ ICMPD дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 1-уми майи соли равон дар назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор менамояд. Ширкату корхонаҳое, ки ҷойҳои холии корӣ доранд ва коргар меҷӯянд, метавонанд бо нишонии https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSeWZ2gXuX326ug2fIN2L3r4C2doj1kWcRsvCagJQhihqcWYGw/viewform ворид шуда, худро барои ҳамкорӣ номнавис намуда, аз ин ярмарка коргарони барои худ муносиб ва соҳибтахассус пайдо намоянд”.

Дар идомаи суҳбат Комрон Бобоёров таъкид намуд, ки ярмаркаи мазкур дар доираи маҷмуи чорабиниҳо оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад ва ҳадафи асосии чорабинӣ бо ҷойҳои хуби корӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта мебошад, зеро ин қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон ва занон дар пайдо кардани ҷойи кори муносиб душворӣ мекашанд.

Шахсоне, ки дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд, метавонанд субҳи рӯзи 1-уми май ба назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ омада, бо ҷойҳои корие, ки ширкату корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла бонкҳо, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хадамоти алоқа, ширкатҳои сохтмонӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, хизматрасонӣ, хӯрокворию истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва ғайра пешниҳод менамоянд, шинос шуда, аз музди меҳнат ва шароитҳои кории пешниҳодшаванда бохабар гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД