Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурӣ оғоз гардид.
Дар маркази ноҳия - шаҳраки Ёвон дар масофаи умумии 5,5 километр хатҳои нави чароғонкунӣ насб гардида, зиёда аз 1400 чароғи каммасрафи барқӣ, симчӯбҳои муосир ва дигар дастгоҳҳои гуногунранги равшанидиҳанда гузошта шуданд. Ҳамзамон кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои асосии дохилӣ шабона пурра равшан гардида, шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон фароҳам оварда шудааст.
Инчунин дар маркази ноҳия - шаҳраки Ёвон симчӯбу хатҳои барқию равшаннамоӣ, ки кӯҳнаву фарсуда гардидаанд, бо истифода аз технологияи муосири равшанидиҳанда навсозӣ карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша дорад, ки тамоми кӯчаҳо ва роҳраву пиёдагардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро пурра чароғон намояд.