Дирӯз, 14-уми декабр як қатораи боркаш, ки сӯзишворӣ мекашонд, дар ноҳияи Ёвон ба садама гирифтор гашта, оташ гирифтааст.
Тибқи иттилои Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ин ҳодисаи нохуш дар наздикии деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон рӯй дода, роҳи оҳан бар асари лағжиши замин вайрон шуда, боиси ба садама дучор шудани қатора гаштааст.
Барои баррасии ҳодиса як гурӯҳи корӣ ба маҳали сар задани садама сафарбар шудааст. Талафоти ҷонӣ бар асари оташ гирифтани қатора сабт нашудааст.