35 years of independency
Дар истгоҳи бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и Бохтар мардеро корд задаанд
14.10.2026
Oila.tj
141

Кормандони милитсия дар шаҳри Бохтар мардеро бо гумони авбошӣ дастгир кардаанд. Боздоштшуда Нарзулло Қурбонов дар ҳамла бо корд ба як ҷавонмарди дигар муттаҳам дониста мешавад.

Бино ба иттилои ВКД, ҳодиса рӯзи 13-уми октябр, тахминан соатҳои 16:10 рӯй дода, Нарзулло Қурбонови 23-сола, ки сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мебошад, дар истгоҳи мусофиркашонии бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар бо Мирзоев Субҳон, соли таваллудаш 1994, муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба рони пойи чапи вай зарба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тафтишот аз рӯйи ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД