вахдати милли
Дар кадом ҳолатҳо оббозӣ кардан манъ аст?
29.06.2026
Oila.tj
46

Оббозӣ ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад, вале зимни баъзе бемориҳо метавонад баръакс зарар расонида, боиси хуруҷи беморӣ гардад. Мехоҳед донед, ки ба гирифторони кадом бемориҳо оббозӣ зарар дорад? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Машғул шудан бо шиноварӣ дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

1. Агар шумо захмҳои кушода дошта бошед.

2. Ба бемориҳои сироятии вирусӣ гирифтор гашта бошед.

3. Мушкилоти дил-стенокардия ё норасоии кори дил дошта бошед.

4. Гирифтори бемории сили фаъол бошед.

5. Мушкилоти буҳронии рагҳо дошта бошед.

Зарарҳои эҳтимолии оббозӣ

Зиён ба пӯст

Хлоре, ки барои безараргардонӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ истифода мешавад, метавонад пӯстро хушк кунад ва аллергияро ба вуҷуд орад. Дар натиҷа чашмҳо месӯзанд ва обрав мешаванд.

Сироятҳои ЛОР

Рафтани об ба гӯш ҳангоми оббозӣ эҳтимол дорад. Ин метавонад боиси отит гардад. Ба ғайр аз ин, бар асари намӣ кас ба ринит, синусит ва дигар бемориҳои системаи ЛОР гирифтор шуда метавонад.

Мушкилоти гинекологӣ

Оби хлордор ё гипотермия метавонад боиси авҷ гирифтани цистит ё вайрон шудани микрофлораи узвҳои ҷинсии занона гардад.

Хатари ғарқшавӣ

Ба шахсоне, ки маҳорати оббозӣ кардан надоранд ва аз нозукиҳои шиноварӣ огоҳ нестанд, дар дарёҳо ва кӯлҳои калон оббозӣ кардан маслиҳат дода намешавад, чунки хатари ғарқшавӣ вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД