Прокуратураи вилояти Хатлон 67 санҷиш гузаронида, дар рафти ин амалиётҳо 2836 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии неруи барқро ошкор намудааст.
Нисбати шахсоне, ки қоидаҳои истифодабарии неруи барқро вайрон кардаанд, тибқи қонун чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба маблағи 77,5 млн сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки барои дуздии маблағ, сохтакории баҳисобгирии истеъмолӣ, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва вайрон кардани тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон нисбати 73 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.