Arzon march 2024
Дар Хатлон шумораи ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфтааст
319

 

Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 387 ақди никоҳ бекор шудааст. Ин нишондиҳандаи пошхӯрии оилаҳо дар ин вилоят нисбати ҳамин давраи соли гузашта 504 ҳолат камтар аст.

Бунафша Раҳимзода, сардори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар шаш моҳи соли равон ҷудошавии оилаҳо 504 ҳолат коҳиш ёфт, дар ҳоле ки ин шумора дар нимсолаи соли 2022 ба 1 ҳазору 891 ҳолат расида буд.

“Дар баробари ин дар шаш моҳи соли 2023 сабти никоҳ дар вилoяти Хатлон  ба 12 ҳазору 940 ҳолат расидааст, ки 935 сабт нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд мебошад. Мутаассифона, дар ин давра дар ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав ҷудошавии оилаҳо зиёд шудааст”,- қайд кардааст ӯ.

Бунафша Раҳимзода зикр намудааст, ки аз ҷамъи умумии бекоршавии ақди никоҳ 1 ҳазору 26 оила бо ҳалномаи додгоҳ, 337 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва боқимонда бо аризаи яке аз ҳамсарон аз ҳам ҷудо шудаанд.

Мутаассифона, аз сабаби бекор шудани 1 ҳазору 387 сабти никоҳ феълан 1 ҳазору 372 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон мебошанд. Аз ҷамъи умумии кӯдакон 1 ҳазору 359 кӯдак дар тарбияи модар ва 13 кӯдак дар тарбияи падар мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД