formula
Дар хоб чормағз бинӣ, бо ҳамсарат ҷанг мешавӣ?
2608

Чанд шаб шуд, ки пай дар пай чормағз хоб мебинам. Як шаб дар хобам чормағз мешапонам, шаби дигар чормағз мечинам ё дарахти чормағз мешинонам. Мегӯянд, ки чормағз хоб дидан хуб нест ва касе, ки чунин хоб мебинад, дар хонааш ягон ҷанҷолу моҷаро сар мезанад. Ин гап рост аст ё не? Умуман чормағз дар хоб чӣ таъбир дорад?

Мурод Муродов, хонандаи “Оила”

Дар хобномаҳо омадааст, ки чормағз дар хоб рамзи бурд кардан ва ба даст овардани даромад мебошад. Хоб бинед, ки бодом хӯрда истодаед, бо меҳнати худатон боигарӣ ба даст меоред, вале дар хобатон чормағз хӯред, бо роҳи осон бою бадавлат мешавед.

Чормағзро бо дандон шикаста хӯрдан нишонаи он аст, ки шахси хобдида ба кори муфиде даст зада, даромади калон ба даст меорад. Аммо қасар-қасари шикастани чормағзро шунидан дар хоб хуб нест. Чунин хоб аз сар задани нофаҳмӣ, моҷаро ва ҷангу ҷанҷоли оилавӣ дар хонадони шахси хобдида дарак медиҳад.

Харидани чормағз, аз касе чормағз талабидан ё гирифтан дар хоб аз эҳтиёҷмандӣ ва аз даст додани маблағи калон дарак медиҳад, лекин хоб бинед, ки чормағз ҷамоварӣ карда истодаед, кӯшиш кунед, ки ҳаёти шахсиатонро ба тартиб биёред.

Чормағзчинӣ дар хоб ба мушкилиҳои пулӣ ишорат карда метавонад. Пош хӯрдани чормағз ба ҳар тараф дар хоб нишонаи бохти шахси хобдида буда, баъди чунин хоб зарари иқтисодӣ дидан имкон дорад.

Дарахти чормағзро шапондан дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ба ягон кори хатарнок кашида мешавад, бинобар ин, касе, ки чунин хоб мебинад, бояд хеле эҳтиёткор бошад ва ҳар як қадамашро донистаю санҷида гузорад.

Пучоқи чормағз хоб бинед, дар ягон кор зарар мебинед, вале чормағзи бирёнкарда дар хоб гувоҳи ба вуҷуд омадани тағйиротҳои хуб дар ҳаёти шахси хобдида мебошад.

Шикастани чормағз дар хоб нишонаи озурдагӣ ва дилмондагӣ аст. Чормағзи талх аз дарду ғам гувоҳӣ дода, чормағзи пухтагӣ ва бомазза нишонаи хушбахтӣ ва ҳаёти ширини шахси хобдида аст.

Дарахти чормағзи сабз, вале беҳосил аз никоҳи бемасар дарак медиҳад, вале хоб бинед, ки дарахт пур аз чормағз аст, ягон чизи қимматбаҳо ба даст меоред. Эҳтимол падар, модар ё каси дигаре аз аҳли хонавода ё наздиконатон хона, мошин ё пули калонро ба шумо мерос мегузорад.

Дар маҷмӯъ, ҷормағз дар хоб фоли нек буда, аз ба охир расидани давраи мушкили ҳаёт ва ба даст овардани даромади калон, бурд кардан ва оғози зиндагии нави пур аз шодию нишот гувоҳӣ медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД