sebiston july new
“ДАР ХОНАИ ИҶОРА МУРДАН НАМЕХОҲАМ”,-МЕГӮЯД, МОДАРЕ, КИ БА КӮМАКИ ХАЙРХОҲОН НИЁЗ ДОРАД
1796

 

...-Дар интихоби келин ба кадом ҷанбаҳои рӯзгори ӯ бояд бештар таваҷҷӯҳ кард? Яъне, чӣ гуна метавон келинро интихоб намуд?

-Ман интихобро ба худи фарзандонам вогузор кардаам, чун дар оянда онҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Асоси зиндагии ду кас ҳурмату эҳтиром аст ва шукри Худо мегӯям, ки келинам ҳамин гуна тарбия ёфтааст. Ташаккур ба волидайни келинам...

Шакли пурраи мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаи “Оила”-ро бо Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи театру синамо аз шумораи нави ҳафтанома мутолиа кунед!

20 рӯзи охири ҳаёти Мунира Ҳакимова

...“Модарам мехостанд, бо ду нафаре аз тӯйдорон тамос бигиранд, чунки баъди моҳи Рамазон дар ду тӯй бояд хизмат мекарданд. Як қисми ҳаққи хизматашонро ҳамчун пешпардохт гирифта буданд. Ба ҳамин хотир, телефонро биёр гуфтанд. “Мабодо занг зананд, пешпардохташонро баргардонида диҳед”,-мегуфтанд. То ҳол телефонашон дар дасти ман аст ва он тӯйдорон занг намезананд. Шояд аз рӯйи эҳтиром занг намезананд, вале телефони модарам то ҳол фаъол аст”,-мегӯяд, Мавзуна Ҳакимова, духтари калонии Мунира Ҳакимова.

Мунира Ҳакимова, рамзи барҷастаи фарҳанги тоҷик 20 рӯз пеш аз маргаш чӣ ҳол дошт? Матлабро нашри нави аз ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!

Чаро мурдаи Гулойим сиёҳ шуд?

...Дар наздикии мактаб хонаи зане воқеъ буд, ки аз дасти гандагию бадзабонияш мардум ба ӯ «Кобра» лақаб монда буданд. Номаш Гулойим бошад ҳам, мардум кайҳо онро фаромӯш карда буданд. “Кобра” ду писару як духтар дошт, духтараш як синф поён аз Шифо хонад ҳам, ӯро барои худ душман медонист. Кӯшиш мекард чун Шифо кӯрта пушаду мисли ӯ таърифӣ бошад, аммо аз «заҳр»-и модар ба ӯ низ мерос монда буду ҳеҷ кас дӯсташ намедошт...

Қиссаи мазкурро ба таври муфассал аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!

Сабзӣ нури чашмро меафзодя?

... Сабзӣ, хӯрокҳои сабзигӣ ва хусусан шарбати сабзӣ ҳангоми табобати гипо ва авитаминози А, бемориҳои ҷигар, системаи рагҳои хунгарди дил, гурда, меъда, камхунӣ ғизои табобатӣ ба шумор меравад. Ин сабзавот хусусияти зиддимикробӣ дорад. Танҳо хоидани сабзӣ кифоя аст, ки микробҳои даҳон нобуд шаванд. Барои табобати зуком оби сабзиро ба бинӣ чаконидан мумкин аст...

Ин ва чанд тавсияи дигар дар саҳифаи “Дарду дармон”-и ҳафтаномаи “Оила”!

“Дар хонаи иҷора мурдан намехоҳам”,-мегӯяд,

модаре, ки ба кӯмаки хайрхоҳон ниёз дорад

... Бори ҳафтум ҷарроҳӣ карда, рӯдаамро, ки махкам шуда буд, бурида партофтанду дар ҷояш шланг насб карданд. Чанд муддат гузашт, ки шланг кафид ва аҳволам бад шуд. Табибон маҷбур шуданд, ки бори ҳаштум ҷарроҳӣ карда, ин мушкилиро рафъ кунанд. Бовар кунед, айб ҳам шавад, дар шикамам ҷои обод нест, ҳама ҷояш чок-чок шудааст. Бисёр азоб мекашам, аммо хомӯш меистам...

Дарди дили модари дидагирёнро хонед ва агар имкон доред, ба ӯ ҳатман кӯмак расонед. Муфассалтар дар шумораи нави ҳафтаномаи “Оила”.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила».

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД