toyota motors
Дар Хуҷанд даври шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
06.04.2026
Oila.tj
67

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки занону духтарони идораю ташкилот ва муассисаю маҳаллаҳо даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, озмун бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони халқи тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли ҳаштум аст, ки гузаронида мешавад.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» гурӯҳи кадбонуҳои Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд мақоми аввал, кадбонуҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм ва маҳаллаи «Тиллокон» мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хоиравӣ қадрдонӣ гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД