Commerc banl
Дар «Хуррамшаҳр» даври вилоятии “Бозиҳои миллӣ” баргузор гардид
17.03.2026
Oila.tj
52

Дар мавзеи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Мусо Самеъзода, ҳамчунин намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намудаанд.

Озмун аз рӯйи як қатор намуди бозиҳои миллӣ, аз ҷумла лалакпарронӣ, бодбарак, чиллак, ланка, ошуқ, арғамчинбозӣ, лакпар ва ҳаппак баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати худро дар фазои дӯстӣ ва рақобати солим ба намоиш гузоштаанд.

Дар фарҷоми озмун ғолибон муайян шуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД