Arzon march 2024
Дар Красноярск 340 муҳоҷирро ба идораи пулис бурданд
793

Дар Красноярск кормандони мақомоти тафтишотӣ амалиёти густурдаро роҳандозӣ намуда, беш аз 400 нафарро боздошт кардаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Тавре расонаҳои русӣ бо такя ба маълумоти Кумитаи тафтишотии Россия навиштаанд, дар рафти амалиёт далелҳои зиёди вайронкунии тартиби вуруду хуруҷ, кору зиндагӣ ва қонунҳои муҳоҷиратии Россия фош карда шуда, 420 нафар барои бозпурсӣ ба идораи пулис оварда шудаанд, ки аз ин шумора 340 нафар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Ҳуҷҷатҳои ҳар як муҳоҷирро аз рӯйи қайди махзани муҳоҷиратӣ санҷидаанд.

Маълум шудааст, ки ин шаҳрвандони хориҷӣ асосан зодагони кишварҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба Красноярск омадаанд, вале онҳо тартиби вуруду хуруҷ ба кишвар ва қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россияро вайрон карда, бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор мекардаанд.

Дар натиҷаи ин амалиёт дар робита бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ 49 мавод тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки яке аз муҳоҷирон муқобилият нишон додааст ва нисбаташ бо иттиҳоми истифода бурдани зӯроварӣ ба муқобили кормандони давлат бо моддаи 318-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл кормандони мақомоти тафтишотии Россия дар шаҳри Санкт-Петербург дар мактабҳои ронандагӣ рейд гузаронида буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД