Arzon march 2024
Дар мактабҳо карантин мешавад?
844

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як суҳбат гуфт, ба Вазорати маориф ва илм дархост ирсол карда, пурсон шудаанд, ки оё зарурати қатъи дарсҳо дар мактабҳо пеш омадааст?

“Мо аз Вазорати маориф ва илм дархост кардем, ки ҳисобу китобашонро бинанд. Агар ширкати хонандагон дар дарсҳо аз 50% поён дар як ҳафта бошад, пешниҳоди худашонро кунанд, то қарори заруриро ба тасвиб расонем. Ҳамчунин, назорат аз ҷониби табибони муассисаҳои мактабӣ ба роҳ монда мешавад, вале, то ҳол посух нагирифтаем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Масъалаи манъи пеш аз муҳлати дарс дар иртибот ба афзоиши гирифторшавӣ ба зукоми мавсимӣ ба миён омадааст.

Бино ба таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ, имсол зукоми мавсимӣ нисбат ба солҳои оянда дар аввалҳои моҳи декабр шуруъ шуд ва ин рӯзҳо шиддат гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД