Дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон маросими ба истифода супоридани манораи нави обтаъминкунӣ бо ҳаҷми 20 000 литр баргузор гардид. Ин иншоот барои таъмини аҳолии деҳаи Фуругдеҳ бо оби тозаи нӯшокӣ бунёд шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ба истифода додани ин манора беш аз 1000 сокин, аз ҷумла 501 кӯдак ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Об аз чуқурии 200 метр гирифта мешавад, ки сифати баланд ва устувории таъминотро таъмин мекунад. Айни замон 129 оила ба шабакаи нави обтаъминкунӣ пайваст шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намудаанд.