goodwell
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 мактаб ва 71 синфхонаҳои нави иловагӣ сохта мешаванд
155

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 71 синфхонаю биноҳои иловагии таълимӣ бунёд ёфта, дар оғози соли нави хониш ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора имрӯз, 11-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ маълумот доданд.

Тавре Зарина Исмоилзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ зимни суҳбат бо мо гуфт, “МИҲД-и ноҳия ба масъалаи рушди соҳаи маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 мактаб ва чандин синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд. Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Ҳасанобод, ҷамоати Роҳатӣ ва деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Султонобод мактабҳои нави замонавии дуошёна бунёд гаштанд”.

Дар идомаи суҳбат Зарина Исмоилзода афзуд, ки бо сабаби сол то сол зиёд шудани аҳолӣ дар баъзе мактабҳо синфхонаҳо камӣ карда, иддае аз хонандагон аз ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд. Бо мақсади ҳалли ин масъала дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №111-и деҳаи Дова, №76-и Қарияи Қамар, №65-и Шайнаки Чанор ва филиали мактаби №21 биноҳои иловагии таълимӣ сохта шуданд, ки дорои 1600 ҷойи нишаст буда, барои таҳсил дар як баст пешбинӣ гаштаанд.

“Тибқи нақша то охири соли 2026 боз 166 синфхонаҳои нав дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд”,- гуфт муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД