goodwell
Дар ноҳияи Сино беш аз 1 тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор шудааст
15.10.2026
Oila.tj
129

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳолати нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ дар шароити ғайрисанитарӣ ошкор гардидааст.

Тавре хабар дода мешавад, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян кардаанд, ки шаҳрванд Носиров Мақсудҷон, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зафар маҳсулоти гуногуни гӯштиро дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ ва коркард намуда, ба мизоҷони доимиаш мефурӯхтааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар таҳхона як адад яхдони худсохт омода карда, онро барои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти гӯштӣ истифода мебурдааст. Зимни санҷиш аз ӯ дар маҷмуъ 1 тонна шуши гов, 100 килограмм равғани гов, 40 килограмм каллаи гов ва 35 килограмм пойи гов дарёфт ва мусодира карда шудааст. Маҳсулоти мазкур дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштаанд.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати шаҳрванд Носиров М. маводи зарурӣ тартиб дода шуда, айни замон мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Мақомот аз шаҳрвандон ва соҳибкорон даъват менамоянд, ки ҳангоми нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ қоидаҳои санитарӣ ва талаботи бехатарии озуқавориро қатъиян риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД