Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони соҳа дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавии ғизоӣ ба роҳ монда шудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи чорабиниҳо ба сокинон оид ба риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истифодаи дурусти маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити нигоҳдорӣ ва омодасозии бехатари таомҳо тавсияҳои муфид дода шудааст.
Ҳамзамон, бо кормандони нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, бозорҳо ва мағозаҳо суҳбатҳо гузаронида шуда, оид ба талаботи санитарию эпидемиологӣ, пешгирии заҳролудшавӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шудааст.