goodwell
Дар пирӣ танҳо мондани мард аз марг бадтар аст
153

Падар ҳаштоду ду сол умр дошту писараш ними умри ӯро. Дар вақти хӯрдани хӯроки шом ҳамзамон рафти куштии дзюдои сатҳи байналмилалиро аз оилаи нилгун тамошо мекарданд.

Он гоҳ ки паҳлавони тоҷик дар навбати ниҳоӣ барои ба даст овардани нишони тилло ба майдон баромад, падару писар аз шиддати завқ ва ҳаводории ҳаммиллати хеш аз тановули ғизо даст кашиданд, ҳушу гӯш ба оинаи ҷаҳоннамо шуданд. Наворбардорон майдону довару паҳлавонҳою мухлисонро гоҳе аз наздик ва гоҳе дигар аз дур нишон медоданд. Замоне ки танҳо тасвири ду паҳлавон дар пардаи телевизор намоён шуду довар ноаён гардид, падар аз писар пурсид:

- Довари майдон зан аст?

Писар дар посух гуфт:

- Рости гап ба инаш аҳаммият надодам. Чашмам ҳасту паҳлавонҳо. Надидам, ки довар мард аст ё зан.

Падар оҳи сарде кашиду бо ҳасрат гуфт:

- Агар ту ҳам мисли ман бе зан мебудӣ, медидӣ...

Писар аз шунидани ин ҳарф чунин пиндошт, ки қиблагоҳаш ҳавои зангирӣ дорад. Ишора ҳам кард.

Мӯйсафед лаҳзае ба фикр фурӯ рафт. Сипас сар бардошту алами дил тоза кард:

-Дами пирӣ танҳо мондани мард бадбахтист, агарчи рӯйи дидаҳои фарзандон ҳам бошад. Хушбахт ҳамон мардест, ки айёми пирӣ пеш аз ҳамболинаш ин ҷаҳонро тарк мегӯяд...

Сироҷиддин ИКРОМӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД