Дар майдони Пйятсса дел Квиринале дар Рим маросими бошукўҳи афрўхтани оташи Бозиҳои зимистонаи олимпии Милан-Кортина-2026, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд, баргузор шуд.
Оташи олимпӣ, ки махсус аз Юнон омадааст, ба дасти президенти Итолиё Серҷо Маттарелла расид ва ў дар ҳузури роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кристӣ Ковентрӣ, президенти кумитаи тадорукоти БО-2026, роҳбари Кумитаи олимпии Итолиё Ҷованнӣ Малаго онро афрўхт. Оташ 6-уми декабр ба роҳ афтод ва роҳаш аз маконҳои фарҳангиву таърихӣ хоҳад гузашт.
Бозиҳои 25-уми зимистонии олимпӣ аз 6 то 22-юми феврали соли 2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина д’Ампеттсио баргузор хоҳад шуд. Ин маротибаи чорум аст, ки Итолиё Бозиҳоро мизбонӣ мекунад.
Тоҷикистон низ дар ин Бозиҳо ширкат мекунад, аммо ҳеҷ яке аз варзишгарони кишвар иҷозатнома нагирифтаанд, зеро ҳеҷ кадоме аз лижаронҳои кўҳӣ мустақилона аз квалификатсия нагузаштаанд. КБО чун анъана барои варзишгарони Тоҷикистон саҳмияҳои махсус ҷудо мекунад, то онҳо дар Бозиҳо ширкат кунанд. Ҳоло чанд нафар ва киҳо ба ин Бозиҳо сарфарбар мешаванд, маълум нест.