Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати фураҳоро муваққатан маҳдуд кардаанд
15.12.2025
Oila.tj
95

Ширкати IRS хабар медиҳад, ки дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ боридани барф идома дошта, баландияш дар чанд қитъаи ин масир ба 25-30 сантиметр расидааст.

Бо мақсади пешгирӣ аз бандшавии роҳ ва халал нарасонидан ба ҳаракати дигар нақлиёт, ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо муваққатан манъ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони ширкат роҳро аз барф тоза карда, сатҳи онро бо маводи зиддилағзиш коркард карда истодаанд.

Ширкат аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд, ба огоҳии кормандони IRS, БДА ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷиддан риоя кунанд, бе омодагии лозимии зимистона - чархҳои махсус, таҷҳизот ва ғайра ба сафар набароянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД