Дар вилояти Самараи Русия корро барои муҳоҷирон ба ҳайси колорасон, ронанда ва кӯчарӯб манъ мекунанд. Инчунин, дар оянда муҳоҷирон аз ҳақи дарс додан дар мактабу донишгоҳҳо ва машғул шудан ба таҳқиқоти илмӣ маҳрум мешаванд.
Бино ба иттилои хабаргузории “ТАСС”, қарори манъи кор барои муҳоҷирон дар ин соҳаҳоро Вячеслав Федоришев, раиси ин вилоят имзо кардааст. Маҳдудиятҳо аз моҳи апрели соли 2026 ба иҷро медароянд. Ҳукумати вилоят гуфтааст, ки чунин маҳдудиятҳо “бо ҳадафи таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳимояи бозори кор” ҷорӣ карда мешаванд.
Тибқи ин қарор, рӯйхати корҳое, ки барои муҳоҷирон дар ин вилоят мамнуъ аст, зиёд карда шудааст. Аз ҷумла, муҳоҷироне, ки дар асоси иҷозатномаи кор ё “патент” фаъолият доранд, наметавонанд ба кирокашӣ ва колорасонӣ машғул шаванд. Инчунин барои муҳоҷирон кор дар соҳаи маориф, оҷонсиҳои ҷалби коргар ва фаъолияте, ки бо коркарди иттилоот алоқаманд аст, манъ карда мешавад.