toyota motors
Дар самти ташкили ғизои хонандагон созишнома ба имзо расид
14.05.2026
Oila.tj
93

Имрӯз, 14-уми майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» - Ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои ғизои хонандагон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар маросими имзои созишнома муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир Бадриддин Музаффарзода, намояндагони вазорат, президенти Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» Владимир Чернигов ва кормандони ин ниҳод иштирок намудаанд.

Зимни суханронии худ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи ҷониби Русия ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳими иҷтимоӣ - ташкили ғизои хонандагон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими шарикӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД