Дар шаҳри Душанбе 1000 арча шинонданд
18.02.2026
Оила
42

Дар шаҳри Душанбе 1000 арча шинонданд

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар  хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Низоми Ганҷавии ноҳияи Сино,  хиёбони  Садриддин  Айнии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳраки 61-и ноҳияи Фирдавсӣ   зиёда аз  1000 бех арча шинонида шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи ташаббуси «400-рӯзи ташаббускорӣ-иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» ва иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт баргузор шуда, дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи марказӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб фаъолона иштирок намуданд.

Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар фасли зимистону баҳор ба хотири Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани  соли 2026  ба роҳ монда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД