Имрӯз, 15-уми август бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Сино муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Марям” мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудаст. Дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо 3 забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.