arzon replenishment
Дар шаҳри Хуҷанд маҳфили "Ҳумоюн" таъсис ёфт
496

Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дар шаҳри Хуҷанд маҳфили инфиродиашонро таҳти унвони “Ҳумоюн” ташкил карданд. Дар ин бора мухбири Oila.tj хабар дод.

Маҳфили мазкур барои гиромидошти ному ёди ягона писари ин ду шоири номвар Ҳумоюн ташкил шудааст.

Гуфта шуд, ки маҳфили “Ҳумоюн” аз ду бахш - Рӯдакихонӣ ва Навқалам - қироати шеъри шоирони ҷавон иборат аст.

Имрӯз нишасти якуми он, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури доираи васеи хонандагону рӯзноманигорон ва аҳли адаби вилояти Суғд доир шуд, бо иштироки худи шоирон доир шуд.

Қобили қайд аст, ки ин аввал ҳузури Озарахшу Фарзона дар ҷамъомадҳо баъди даргузашти писарашон мебошад.

Писари онҳо Ҳумоюн Каримзода рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ дар синни 21-солагӣ дар Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, фавтида буд.

Қаблан, хотироти дӯстону наздикони ӯ дар шакли китоби алоҳидае бо номи "Ҳумоюннома" нашр шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД