Дар “Шифобахш” таҷҳизоти нодир ба фаъолият оғоз кард
09.02.2026
Oila.tj
95

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷҳизоти нодири литотрипсияи масофавии мавҷии зарбавӣ дастрас ва ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дастгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки сангҳои гурда ва роҳҳои пешоби беморон бидуни ҷарроҳӣ ва бистарӣ, бе буриши ҷисм ва ба таври пӯшида табобат карда шавад. Тавре мутахассисони марказ иттилоъ медиҳанд, қаблан амалиёти ҷарроҳии беморон дар ин ҷо барои ташхису табобати сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб ба таври анъанавӣ, яъне бо буриши ҷисми бемор гузаронида мешуд. Дар натиҷа беморон давоми 6-7 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ гашта, вазъи саломатии хешро барқарор мекарданд.

- Бо дастрас гардидани таҷҳизоти нодири литотрипсияи масофавии мавҷии зарбавӣ акнун имконият фароҳам оварда шуд, ки беморон баъди ташхису табобат давоми як шабонарӯз ба хонаашон рухсат дода шаванд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД