gazprom august 2025
Дар Суғд мард занашро бо дос зад
118

Кормандони милитсия дар вилояти Суғд як марди 34-соларо бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсараш боздошт намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.

Боздоштшуда сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, рӯзи 30-юми августи соли равон байни ӯ ва ҳамсари 32-солааш ҷангу ҷанҷол сар задааст. Дар рафти моҷарои оилавӣ мард бо дос 3 маротиба ба сари занаш задааст. Зан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуда, нисбати мард бо қисми 1-и моддаи 110-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тафтишоти қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД