Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ду куштори бераҳмонаро ошкор намуданд, ки дар моҳи август содир шудаанд.
Тавре Акбар Шарифӣ дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, санаи 2-юми августи соли равон дар деҳаи Навкати ноҳияи Спитамен байни зану шавҳар Маърифат Исмоилова ва Ботур Ҳомидов ҷангу ҷанҷол сар зада, дар рафти моҷарои оилавӣ ин зани 27-сола шавҳари 49-солаашро бо зарбаи корд ба ҳалокат расонидааст.
“Шавҳарам он рӯз маст буд ва гулӯи маро бӯғӣ карда, таҳдид намуд, ки фарзандамонро аз дастам кашида мегирад. Дар ҳолати қаҳру ғазаб чи гуна ӯро як корд задам, дар ёд надорам”,- гуфтааст зан.
Куштори дуюм рӯзи 9-уми август сар зада, як духтари 21-солаи сокини деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар шаҳри Хуҷанд ба дасти ҷавони 17-сола дар манзили иҷорааш бо 8 зарбаи корд кушта шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷавони ошиқ баъди бераҳмона ба қатл расонидани духтар ҷасади ӯро дар кӯрпа печонда, дар зери тахти хоб пинҳон намудааст, аммо кормандони милитсия амалиётҳои фаврии ҷустуҷӯиро анҷом дода, ҷасадро пайдо ва асрори ин ҷинояти хунинро фош карданд.
Аз рӯйи ҳарду ҳодиса парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.