goodwell
Дар Тоҷикистон назорати санитарӣ дар сарҳад пурзӯр шуд
46

Дар Тоҷикистон назорати санитарӣ дар сарҳад пурзӯр шуд

Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон чораҳои санитариву пешгирикунанда пурзӯр карда шуданд. Ба гуфтаи Давлатзода Саид, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати тандурустӣ, ҳарорати бадани ҳамаи шаҳрвандоне, ки сарҳадро убур мекунанд, бо ҳароратсанҷҳои бесамос санҷида мешавад.

Кормандони нуқтаҳои санитариву карантинӣ инчунин нишонаҳои эҳтимолии беморӣ, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сар, заъф ва дарди мушакҳою буғумҳоро месанҷанд. Ба кормандон истифодаи либоси муҳофизатии якдафъаина тавсия шудааст.

Аз 28 сентябр то 4 октябр гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ нуқтаҳои санитариву карантинии вилояти Суғдро санҷида, омодагии онҳоро арзёбӣ ва бо маводи зарурӣ таъмин кардааст.
Вазорати тандурусти дар посухи телефони ба сомонаи Оила.тч назорат дар сарҳадро тасдиқ кард.
Инчунин мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки аз Русия бармегарданд, хостаанд, ки дар сурати баланд шудани ҳарорат ё бад шудани вазъи саломатӣ худтабобаткунӣ накарда, ба табибон муроҷиат кунанд.

Пурзӯр шудани чораҳои назоратӣ дар пасманзари марги як зани 28-сола дар вилояти Иркутски Русия сурат гирифтааст. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуданд, ки гӯё ӯ ба бемории вабо гирифтор шудааст. Аммо Роспотребнадзор ин маълумотро то ҳол тасдиқ накардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД