Arzon march 2024
Дар Вахш бо маблағи Бонки рушди исломӣ мактаби нав месозанд
172

Дар Вахш бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сармоягузории Бонки рушди Исломӣ сохтмони мактаби нав оғоз меёбад. Ин муассисаи таълимӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Тавре ки Гулбаҳор Хоҷаёрова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш дар суҳбат бо журналистон гуфт, дар баробари мактаби нав ҳамчунин сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар чанд мактаби ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорони саховатманд амалӣ карда мешавад.

“Зиёд шудани хонандагонро ба инобат гирифта, мо дар назди 12 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои иловагиро ба нақша гирифтем. Бинои сохташаванда аз4 то 10 синфхона доранд. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ эҳтиёҷот ба ҷойи нишаст аз байн хоҳад рафт”,- гуфт мудири маорифи Вахш.

Ба таъкиди Гулбаҳор Хоҷаёрова, дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ сохтмони биноҳои аллакай иловагӣ оғоз шудааст ва то соли хониши нав ба охир мерасад. Қисмати дигари биноҳо давоми соли хониши 2024 ва 2025 ба истифода дода мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД