35 years of independency
Дар як кӯдакистони Хуҷанд кӯдакон аз гречка ва макарон заҳролуд шудаанд
28.10.2026
Оила
44

 

Дар кӯдакистони №35-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он даҳҳо кӯдак бо нишонаҳои сирояти меъдаву рӯда ба табибон муроҷиат карда буданд, зимни санҷиш дар макарон ва гречкаи барои ғизои кӯдакон истифода шуда микробҳоро пайдо кардаанд. Нисбати 11 корманди муассиса протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ба иттилои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, рӯзи 21-уми октябри соли 2026 вазъи саломатии чанд нафар кӯдакон дар кӯдакистон якбора бад шуда, онҳо барои гирифтани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти қаблӣ, 18 кӯдак бо нишонаҳои қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат карда буданд.
Пас аз ин ҳодиса мутахассисон дар кӯдакистон санҷиш гузаронида, аз маводи ғизоӣ ва дигар қисматҳои муассиса намуна гирифта буданд. Натиҷаҳои ташхис нишон дод, ки макарон ва гречкаи истифодашуда олуда ба микроб будаанд.
Дар робита ба натиҷаи санҷиш нисбати 11 корманди кӯдакистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Қаблан масъулони хадамоти санитарию эпидемиологии вилояти Суғд гуфта буданд, ки ба кӯдакон ёрии тиббӣ расонида шуда, онҳо бидуни бистарӣ шудан ба хонаҳояшон баргаштаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД