formula
Даҳшатбону Қисми 2
1833

Рӯбоҳи зард

Ҳамкурсон ба Саноат «Рӯбоҳи зард» лақаб дода буданд, ӯ ба манфиати худ ҳатто бадтарин корро мекард. Бахтиёр дид, ки ман аз ӯ тамоман рӯ гардонидаам, рост ба синфохонаи мо омада, наздам нишаст ва сабаб пурсид. Ман ӯро то берун гусел кардаму воқеаи «шахси сеюм»-ро нақл кардам. Кош намекардам…

Ӯ маро ба мошинаш шинонду нафареро равон кард, ки Саноатро кофта биёрад. Дар як замон Саноат ишвакунон омаду ба курсии пеши мошин нишаст, чун маро дид, авзояш дигар шуд, Бахтиёр аз ӯ пурсид, ки суратҳо канӣ?!

-Дар албомам,- ҷавоб дод Саноат ва ба ман нигариста гуфт:

-Ту маро рӯз медиҳӣ ё не, негри Худозада!

Ман бо ханда гуфтам:

-Ман ба ту кор надорам, рӯбоҳаки зард, хушдоратро гир, ки маро безор накунад. Чаро шавҳаршавандаи ту аз пушти ман мегардад?- Бахтиёр назди мо бо Қуръон қасам хӯрд, ки он рақсҳо дар тӯйи як рафиқаш гирифта шудаанд ва бе иҷозати ӯ. Саноат Бахтиёрро зӯран ба рақс мекашад ва дар байни майдон яку якбора худашро ба оғӯши ӯ зада, валс мекунад…

-Ҳар чӣ хеле набошад, ман ба шумо кор надорам, хушбахт шавед,- гуфтам ба онҳо ва аз мошин, ки аллакай аз бӯйи Саноат «муаттар» шуда буд, фаромадам. Дигар на зориву таваллои Бахтиёр ба ман кора карду на хостгорӣ рафтани волидони соҳибмартабааш, ӯ дар назарам ба хӯроки пашаафтида монанд буд, дилам намекашид, ҳатто бо ӯ гап занам.

                                       Соя

Донишгоҳро хатм кардаму дар пойтахт мондам, падарам бароям хонаи дуҳуҷрагие харида, тақдим намуд ва ман ба кор даромадам. Аз рӯбоҳи зард ва шарри ӯ халос мешавам гуфта будам, ки не, ӯ дар як ҷойи хеле паст, вале ҳамин ҷо кор омад, гӯё ӯ сояи ман буд. Саноатро акнун шинохта намешуд, пойҳои каҷалаи бехунашро нишон дода, “минни юбка” ба бар кардаву куртаҳои ҳарир пӯшида, ба кор меомад. Лабҳои борикашро пир-пир паронда гап мезаду гап мезад ва чӣ мегӯед, ки ин ҷо низ бо яке аз муовинони раиси корхона соз гирифт ва кордаш болои равған мегашт. Ӯ бо ёрии ошиқи наваш дар канори пойтахт замин гирифт ва мехост қарз карда, хона бунёд намояд. Баъзе ҳамкорони кунҷков мепурсиданд, ки бе шавҳар ҳавлиро чӣ кор мекунӣ? Ӯ бо хандаи бепарво мегуфт:

-Хона бошад, ягон лохро меёбаму чанд фарзанд таваллуд карда, ҷавобашро медиҳам, баъд барои худам зиндагӣ мекунам.

Дар ин миён аз як хонаводаи бонуфуз барои ман хостгор пайдо шуд, шавҳарам донишгоҳро дар Маскав хатм карда, ҳамон ҷо кору зиндагӣ мекард. Манучеҳр барои шинос шудан омад, ӯ ҷавони қоматбаланди абрӯсиёҳи хеле зебо, бомаърифату ширинсухан буд. Падари ману падари Манучеҳр ҳамсабақ ва рафиқони хуб буданд, мо рафтуои хонаводагӣ доштем. Аввал дар ноҳия баъд дар шаҳр тӯйи зебое оростем, дар тӯй ҳама ҳамкоронам ширкат карданд, ба Саноат таклифнома надода будам, аммо омад, ман аз ӯ ин гуна берӯйиро интизор набудам. Баъди чил рӯзи тӯй мо ба Маскав рафтему бо ҳамин Саноатро фаромӯш кардам, чун имрӯз ӯро дар Фейсбук дидам, талхакаф шудам ва ба ҳамкорамон апаи Шоира, ки бо ӯ ҳамавақт авҳолпурсӣ мекардем, навиштам, ки Саноат чӣ хол дорад? Нақле, ки апаи Шоира дар бораи Саноат кард, маро ба даҳшат овард, охир ин рӯбоҳи зард синаш ба чил мерасаду одам нашуд, ки нашуд…

                            Дуои мустаҷоб

Баъд аз тӯйи бошукӯҳи ману Манучеҳр, Саноат, ки намедонам барои чӣ аз ман барои худаш душмани ашаддӣ метарошид, ба ҷустуҷӯйи шавҳар мебарояд ва меёбад. Амакии як дугонааш солҳои сол дар Русия зиндагӣ мекардаасту зани тоҷики замонавӣ мекофтааст. Дугонааш Саноатро пешниҳод мекунаду амакаш розӣ мешавад, пешакӣ Саноат ба ҳама шартҳои домодшаванда розӣ мешавад, вале баъди тӯйи бошукӯҳ бо ҳиллаҳои бешумораш ҳамсарашро розӣ мекунонанд, ки ӯ Русия рафта пул кор карда, ин ҷо ҳавлӣ созанду баъд Саноат ба Русия хоҳад рафт. Дар ду сол дар замини Саноат як ҳавлии дуошёнаи бошукӯҳ қомат меафрозад, бечора Анвар “занам рост мегӯяд, дар Ватан хона зарур аст” гуфта, ҳавлиро бо тамоми ҷиҳоз таъмин мекунад. Дар ин миён Анвар чанд бор ба Ватан омада меравад ва соҳиби ду писараки нозанин ҳам мешаванд, бечора мард то охирин пули ёфтаашро ба занаш мефиристад, ҳарчанд бародаронаш ба ӯ мегӯянд, ки “бас аст, занат он қадар одами хуб нест” бовар намекунад. Он дугонааш, ки Саноатро барои амакаш келин карда буд, чанд бор янгаашро бо мардони бегона дида, ба ӯ мегӯяд, ки “агар бори дигар ин коратро бинам, ба акаам мегӯям”, аммо рӯбоҳи зард чунон ҷангу ҷанҷол мебардораду пеши шавҳараш бадгӯӣ мекунад, ки Анвар аз ҷиянаш рӯй мегардонад. Модару се бародараш агар муқобили занаш ҳарфи баде гӯянд, шумо бахилӣ мекунед гӯён, бо онҳо моҳҳо қаҳрӣ мегашт. Аз ин қаҳригиҳо истифода бурда, Саноат сари чанбараки мошин нишаст, акнун лаҷоми шавҳар пурра ба дасташ гузашта буд.

                                Бадгард

Анвар он ҷо шабу рӯз кор мекард, Саноат бошад, ин ҷо каттагӣ, сари чанбараки мошини хориҷӣ нишаставу лабони борикашро ба намуди даҳшатовар ғафс карда, синаву дунбаи сунъӣ часпонида ишва мекард. Акнун дугонаҳояш ҳам ҳофизаву раққосаҳои тӯйгард буданд, аз кор рафт, гоҳе тоҷир мешуд, гоҳи дигар блогер, гоҳи дигар салон мекушод, хулоса бо ҳар роҳ пул меёфту боз пулҳои фиристодаи Анварро низ сарф мекард. Бародарони Анвар чӣ гуна аз доми ин даҳшатбону халос кардани додарашонро мекофтанд ва аз паси Саноат одам монданд. Одами мондагияшон борасму сабтҳо дар як муддати кӯтоҳ исбот кард, ки Саноат бо як ҷавони аз худаш даҳ сол хурд ишқварзӣ мекунаду ӯро ба хонааш мебарад. Ин расмҳоро бародари калонияш ба Анвар фиристода, сабти овозие низ ба ҳамин мазмун фиристод:

-Додари азиз, дар оилаи мо ягон номард ва даюс набуд, падарам аз олам ҷавон рафта бошад ҳам, модари мо дигар ёди шавҳар накард. Падарамонро ҳоло ҳам мардум бо некӣ ёд мекунанд, айб аст гирди номи оилаамон чунин ҳангомаҳо. Илтимос, як бор биёву ба назди занат нарафта, бо чашми худ бин, ки ӯ чӣ кор мекунад.

Анвар баъди андешаҳои зиёд билет гирифта, рост ба хонаи бародари калонияш меояд ва ҳамон шаб соатҳои як ба хонааш меравад…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД