Gazprom july 2025
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии сеюмашро анҷом дод
57

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» бозии сеюми худро анҷом дод.

Наврасони мо рӯзи 18-уми август дар даври ниҳоӣ бо тими наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон мусовӣ - 3:3 карданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Абдулло Иброҳимзода, Меҳрубон Одилзода ва Назрулло Ашӯрализода заданд.

Қаблан дар шаҳри Медан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Индонезия мусовӣ (2:2) карда, аз Мали (2:4) шикаст хӯрда буд.

Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқа дар Индонезия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мебошад, ки аз 3 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Дастаи мо дар Давҳа дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5-уми ноябр), ИМА (8-уми ноябр) ва Буркина Фасо (11-уми ноябр) вомехӯрад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД