shoh palace
Дастоварди нави ҳунарманди маҳбуб
665

Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аз ҷониби Академияи илмҳои Тӯрони Ҷумҳурии Узбекистон ба унвони олии академик шарафёб шуд. Дар ин бора академияи мазкур дар сомонааш хабар дод.

Гуфта шудааст, ки Ҷӯрабек Муродов дар тӯли фаъолияти овозхониаш зиёда аз 2000 суруд сароидааст, ки оҳангҳои 450-тоаш эҷоди худи ҳунарманданд. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад.

Ҳунарманд солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ — «Умри ҷовидонаи ҳунарманд» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии Домулло Ҳалим), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД