Oila Navruz
Даъват ба аскарӣ: Дар 10 рӯз 50%-и нақша иҷро шуд, дигар “облава” намешавад?!
482


Сафарбарсозии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ маъракаи хеле муҳим буда, ҳамасола дар фаслҳои баҳору тирамоҳ гузаронида мешавад. Маъмулан дар ин мавсим сару садоҳо дар бораи “облава” хеле зиёд шуда, иддае аз ҷавонон роҳи гурез меҷустанд, вале имсол ин маърака бо оромӣ ва хеле муваффақна мегузарад.

Тавре ки Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода иттилоъ додааст, ҳамагӣ дар муддати 10 рӯз нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 50% иҷро шудааст.
«Нақша дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳанӯз дар нахустин рӯзи даъват пурра иҷро шуд. Хушбахтона, ин вилоят тайи чанд соли охир иҷрои нақшаро дар кишвар пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда иҷро мекунад»-гуфтааст Маҳмадализода. 

Ба қавли маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи октябр навоҳии Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор нақшаро пурра иҷро карда, дар умумиҷрои нақшаи даъват ба Артиши миллӣ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 62% баробар шудааст.
«Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 51%-ро ташкил дод, аз ҷумла ноҳияҳои Данғараву Вахш онро пурра иҷро кардаанд. Нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 48 ва дар вилояти Суғд 38 дарсадро ташкил медиҳад»,- гуфтааст Фаридун Маҳмадализода.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусалллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли равон оғоз гардида, давоми ду моҳ идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД