Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт
74

Аз имрӯз, 1-уми апрел дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт.

Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрел сар шуда, то 31-уми май идома хоҳад кард. Дар ин давра ҷавонони синну соли 18-27-сола барои хизмат ба Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чанд шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Бохтар, Тоҷикобод, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 100% иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ хабар доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД