arzon replenishment
Давоми 7 моҳи охир дар обҳои кишвар 118 нафар ҷони худро аз даст додаанд
244

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд рухдоди ғарқшавӣ дар ҳудуди кишвар хабар дод.

- 28-уми июли соли 2024 соати 13:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ наҷотдиҳандагони навбатдор аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳрвандро дар обанбори «Баҳри тоҷик» бо дурбин мушоҳида карданд, ки тадриҷан дар об ғарқ мешуд. Онҳо фаврӣ худро ба макони ҳодиса расониданд ва ҷавонро, ки 18 сол дошта, як сокини шаҳри Душанбе будааст, аз об саломат берун оварданд. Онҳо ба ҷабрдида фавран ёрии аввалияи тиббӣ расониданд ва ӯ аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон рӯзҳои истироҳат ҷустуҷӯи ҷасади як тифли ғарқшударо идома додаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки 17-уми июли соли равон як хонуми 52-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус, ки мотосикл меронд, аз уҳдаи идораи он набаромад ва ба канали маҳаллӣ сарозер шуд. Ҳангоми ҳодиса набераи дусолаи ӯ низ ҳамроҳаш буд, ки дар оби канал ғарқ шуд.

Рӯзи 28-уми июл ҷасади ин писарак 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Утакар Назарови ноҳияи Қубодиён пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.

Бино ба иттилои КҲФ, то 29-уми июли соли 2024 дар обҳои кишвар 118 нафар ғарқ шудаанд, ки 60 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 17-сола будаанд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД