Arzon march 2024
Давоми филми “Хусури ман“ дигар намебарояд?
1536

Шумо мухлиси филми ҳаҷвии “Хусури ман“ ҳастед? Дер боз қисми 11-уми ин филмро интизорӣ мекашед? Овозаест, ки ин филм дигар намебарояд. Мехоҳед ҳақиқатро фаҳмед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Давоми филми “Хусури ман” ҳатман ба мухлисон пешкаш мегардад. Овозаи дигар набаромадани ин филм дурӯғ аст. Дар ин бора Гулноза Хоҷаева - яке аз офарандагони нақши асосӣ хабар дод.

Гулноза дар бораи ин филм чунин гуфт: “Айни ҳол мо дар пайи сабти қисми 11-уми филми “Хусури ман” ҳастем. Албатта ба навор гирифтани филм осон нест. Дар он ҳам ҳунармандон, ҳам коргардонҳо ва ҳам наворбардорон, яъне кулли гурӯҳ заҳматҳои зиёд мекашанд. Ҳамаи заҳматҳои мо танҳо барои болидахотирии тамошобинон аст. Зиёд одамон гумон мекунанд, ки як қисми филм дар як рӯз сабт карда мешавад, аммо ин гуна нест. Мо барои сабти як қисми филм ҳафтаҳо заҳмат мекашем. Онро баъди сабт танзим мекунанд. Баъдан баҳри тамошобинон пешкаш мегардад. Тавре худи коргардон Набиҷон Пирматов қайд карданд, рӯзҳои наздик қисми 11-уми филми “Хусури ман”, яъне мавсими дуюм дар сатҳи олӣ пешниҳоди ҳаводорони ин филм мегардад”.

Умедворем, ки қисми 11 аз дигар қисмҳо боз ҳам ҷолибтару тамошобоб мешавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД