toyota motors
Даври дувуми бақайдгирии довталабон оғоз мешавад
14.05.2026
Oila.tj
44

Дар даври аввали сабти ном барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар беш аз 119 ҳазор довталаб дар Маркази миллии тестӣ номнавис шудаанд.

Марҳилаи аввали бақайдгирӣ аз 2-юми март то 30-юми апрели соли равон идома карда, даври дувуми сабти ном аз 10-уми июн оғоз гардида, то 30-юми июн давом мекунад.

Муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ Абдулвосит Шодиниё гуфтааст, ки шумораи умумии довталабони сабтиномшуда 119 ҳазору 175 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи қабули донишгоҳу донишкадаҳо барои соли таҳсили 2026-2027 дар умум 121 ҳазору 398 ҷойро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки сабти ном барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашуда пулакӣ мебошад. Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкунандагони синфи 11 ва литсейу коллеҷҳои касбӣ 370 сомонӣ ва барои хатмкунандагони синфи 9-ум 320 сомонӣ муқаррар шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД