toyota motors
Даври дуюми бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт
114

Аз имрӯз, 10-уми июн даври дуюми бақайдгирии довталабон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дар Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт.

Довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Рашт сабти ном карда мешаванд. Шахсоне, ки бо сабабҳои узрнок дар даври якуми бақайдгирӣ иштирок карда натавонистаанд ва ё интихобашонро иваз карданиянд, метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро то 30-юми июн ба Маркази миллии тестӣ ва нуқтаҳои номбаршуда пешниҳод намоянд.

Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирии даври аввал ва рақами расиди худро пешниҳод намоянд. Хатмкунандагони синфи 11, ки ихтисосҳои дар даври якум интихобкардаашонро иваз кардан мехоҳанд, 370 сомонӣ ва хатмкунандагони синфи 9-ум 320 сомонӣ супурда, интихоби худро иваз карда метавонанд. Шахсоне, ки дар даври дувум ихтисос интихоб карда, онҳоро ҳам иваз карданиянд, метавонанд бо пардохти 30 сомонӣ то санаи 30-юми июн ихтисосҳои интихобкардаашонро иваз намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД